Return to the talk Return to talk

Transcript

Select language

Translated by Nekruz Ismoilov
Reviewed by Sheroz Ismoilov

0:16 Хава Абди: Дар тули 20 соли охир дар Сомали одамон бо якдигар чанг мекунанд. Барои хамин дар Сомали на кор хасту на хурок. Бисёри кудакон ба мисли ин кудак логар хастанд. Деко Муҳаммад: Чи тавре, ки шумо медонед, дар чанги шахрванди бисёртар кудакон ва занон зарар мебинанд. Барои хамин хам беморони мо –занон ва кудакон мебошанд. Онхо дар ҳавлӣи мо чойгиранд. Ин хонаи мо аст, ва мо аз онхо хурсандем. Ин кароргохи хозираи мо мебошад — 90 хазор одам, ки 75%-и онро занон ва кудакон ташкил медиханд. Пэт Ммитчелл: Ана ин дармонгохи шумо, чунин он аз дохил менамояд. ХА: Мо кесарево сечение ва дигар чаррохихоро мекунем, барои он, ки ба одамон кумак лозим аст. Хукумате нест, ки онхоро мухофизат кунад. ДМ: Хар пагохи назди мо кариб 400 беморон меоянд, кам ё зиёд мещавад. Вале баъзан мо 5 духтур ва 16 хамшираи тибби дорем, ва мо онхоро кабул карда, чисман бехад монда мешавем. Вале мо хамаи беморони вазнинро гирифта, бокимондаашонро ба рузи дигар мегузаронем. Ин хело мушкил аст. Чи тавре, ки шумо мебинед, занхо кудаконро мебаранд, занхо ба беморхона меоянд, занхо хона месозанд. Ана ин хонаи онхо. Боз мо мактаб дорем. Ин аълочиёни мо мебошанд — мо 2 сол пеш мактаби ибтидои барои 850 кудак кушодем, ки бештари онро занон ва духтарон ташкил медихад. (Карсак) ПМ: Духтурон коидахои сахти кабулкунии беморонро доранд. Дар бораи коидахои кабулкуни накл кунед? ХА: Мо хамаи онхое, ки ба назди мо меоянд, кабул мекунем. Мо бо онхо хамаи чизе, ки дорем таксим мекунем. Вале ду қоида хаст. Якум: Дар чамъияти Сомали таксимкуни аз руи кабила ё сабабхои сиёси вучуд надорад. Онхое, ки мехоханд таксим кунанд, мо меронем. Дуюм: Ягон мард зани худро лату куб карда наметавонад. Агар вай занад, мо уро дар хабсхона ҷой мекунем ва кухансолонро фарёд мекунем. То он вакте, ки онхо кори вайро накушоянд, мо уро озод намекунем. Ана хамин хел ду коида. (Карсак) Боз ман фахмидам, ки занхо аз хама иродаи кави доранд дар тамоми чахон. Барои он, ки дар 20 соли охир тамоми занхои Сомали ба пой хестанд. Пештар занхои Сомали пешво буданд, холо бошад мо — пешвои чамъияти худ ва умеди наслхои оянда мебошем. Мо натанхо курбонихои нотавони чанги шахрванди хастем. Мо метавонем ошти андозем. Мо метавонем хама чизро кунем. (Карсак) ДМ: Чи тавре, ки модарам гуфтанд, мо-умеди оянда, вале мардон танхо мекушанд. Барои хамин мо ин ду коидаро баровардем. Агар дар кароргох 90 хазор одам бошад, лозим аст, ки коидахо тартиб дихи, то бетартибиро бартараф намои. Инак, дар мо таксимкуни аз руи кабила вучуд надорад ва ягон мард зани худро лату куб карда наметавонад. Мо анборчаи хурд дорем, ки ба хабсхона додаем. Агар ту занатро лату куб куни, ба он чо мерави. (Карсак) Ба занхо кувва додан ва имконият додан - ана барои чи мо ончоем, онхо ба такдир хавола карда нашудаанд. ПМ: Шумо бемористонеро идора мекунед, ки кумаки тиббиро ба онхое,ки тез ба он мухточ буданд, вале наметавонист гиранд. Боз шумо ба чамъияти шахрванди сарвари мекунед. Шумо коидахои худро офаридаед, ки бо риояи он занхо ва кудакон хисси бехатарии сатхи дигарро мегиранд. Дар бораи карори худ накл кунед ба ман, духтур Абди, ва дар бораи карори худ, духтур Муҳаммад, якчоя кор кардан: дар чунин холатхо чи хел шумо духтур шудед ва чи хел шумо бо модаратон кор кардед. ХА: Ман дар соли 1947 таваллуд шудам, ва дар он вакт мо хукумат, конун ва тартибот надоштем. Вале ман як бор ба беморхона рафтам (модари ман бемор буд) ва ман бемористонро дидам, чи хел он чо бо духтурон муносибат мекрданд, чи хел онхо ба акидаи ёри расондан ба беморонро бовафо буданд. Ман мафтуни онхо будам ва ман карор додам, ки духтур шавам. Мутаассифона модари ман вафот кард, вакте, ки ман 12 сол доштам. Вале падари ман ичозат дод, ки орзуи ман амали шавад. Модари ман аз вазниншавии касалии занона вафот кард, барои хамин ман гинеколог шудам. Ана чи хел ман духтур шудам. Духтур Деко бигузор худаш дар бораи худаш накл кунад. ДМ: Вакте, ки ман хурд будам, модарам маро барои духтур шудан омода мекард, ки ман духтур шавам, вале ман намехостам. Ман фикр мекардам, ки шояд ман таърихшинос ё мухбир шавам. Ба ман ин маъкул буд, вале дигар хел шуд. Вакте, ки чанги шахрванди сар шуд, манд дидам, ки чи хел модарам ба дигарон кумак мекунад, ва чи кадар ба худи вай кумак лозим аст, ва чи кадар ташвиш ба зан мухим аст , агар вай-зан-духтур дар Сомали, ба занон ва кудакон кумаккунанда бошад. Ва ман фикр кардам, ки ман хам мухбир ва хам гинеколог шавам. (Ханда) Ва ман ба Руссия рафтам, охир модари ман хам дар Иттифоки Совети хондааст. Ва барои хамин, шояд, ки ман рафтори мо-натичаи донишхои тавонои совети мебошад. Хамин хел ман хам карор додам, ки духтур шавам. Аз хохарам тамоман дигар буд. Вай холо хамин чо хаст ва у низ духтур аст. Вай хам дар Руссия хондааст. (Карсак) Карори ба хона бар гаштан ва бо модарам кор кардан - ин натичаи он буд, ки мо дар вакти чанги шахрванди дидем. Вакте, ки чанг сар шуд, ман 16 сол доштам ва хохарам-11 сол. Ва ин эхтиёчманди ва одамоне, ки мо дар аввали солхои 90-ум дидем, моро мачбур кард, ки бар гардем ва ба фоидаи онхо кор кунем. ПМ: Чи аз хама душвортар аст дар ин кори якчояи модар ва духтар дар чунин шароитхои хавфнок ва хатто пурхарос? ХА: Бале, ман дар холати хеле душвор кор карда будам, вакте, ки ба ман хело хавфнок буд. Вале вакте, ки ман одамонеро, ки ба ман мухточ буданд, ман бо онхо мемондам, то ки кумак кунам, барои он, ки ман ба онхо кумак карда метавонистам. Бисёрихо аз давлат берун рафтанд. Вале ман бо ин одамон мондам, ва ман мекушидам, ки чизе кунам-чизи каме, ки метавонистам. Беморхона муваффакияти ман шуд. Холо мо 90 хазор одам дорем, ки якдигарро хурмат мекунанд, бо якдигар намечанганд, Мо кушиш мекунем, ки ба пой бархезем, чизе барои миллатамон бикунем. Ман аз духтаронам миннатдорам. Вакте, ки онхо баргаштанд, онхо табобат мекарданд, кумак мекарданд. Онхо барои беморон хома корро мекарданд. Ман он чизеро, ки барои онхо мехостам карданд. ПМ: Чи аз хама хубтар аст дар кори модар ва чи барои шумо душвор аст? ДМ: Вай хеле серталаб аст, ана чи душвор аст. Вай доим аз мо бисёртарро интизор аст. Ва вакте, ки ман фикр мекунам, ки аз ухдааш намебароям, вай маро рухбаланд мекунад ва ман аз ухдааш мебароям. Ин аз хама бехтар аст. Вай ба мо чи тавр амал кардан ва чи тарз хуб шуданро меомузад ва чи тавр зиёда аз вакти мукаррари дар чаррохи - 300 беморон дар руз, 10, 20 чаррохи ва боз ба кароргох сарвари кардан лозим - ана ин хел вай ба мо меомузад. Ин ба корхонахои зебои шумо монанд нест: 20 бемор-ва ту монда шудаи. Шумо 300 бемор, 20 чаррохи ва 90 хазор одам, ки бояд сарвари куни доред. ПМ: Вале шумо инро барои максади баланд мекунед. (Карсак.) Истед. Истед. ХА: Рахмат. ДМ: Рахмат. (Карсак.) ХА: Рахмати калон. ДМ: Ташаккури зиёд.